Акмалиддин Каримов дар рақобатҳои самбои ҷаҳон, лаҳзае пеш дар шаҳри Тошканд дар вазни -58 кг медали тилло ба даст овард ва ба ҳамин тартиб 4-умин қаҳрамони рақобатҳои самбои ҷаҳон аз Тоҷикистон шуд.
Акмалиддин Каримов, барандаи чор медали нуқраи рақобатҳои самбои ҷаҳон, дар вазни то 58 кило дар ин рақобатҳо аз даври ҳаштякниҳоӣ ба рақобат пардохт. Ӯ баъди се пирӯзӣ бар варзишгарон аз Тринидад ва Тобаго, Марокаш ва Қазоқистон ба финал баромад.
Дар қувваозмоии ниҳоӣ, рақибаш Саян Хертек аз Русияро мағлуб кард.
Дар рақобатҳои имрӯзи самбои ҷаҳон паҳлавони дигари тоҷик Хушқадам Хусравов ҳам ба финал расид, ки чанд лаҳза пас бо паҳлавони қазоқ вориди рақобат мешавад.
Дар роқобатҳои қаҳрамонии самбои ҷаҳон варзишгарони 50 кишвари дунё ширкат доранд, Тоҷикистонро дар сабқати мардон, дар самбои варзишӣ ҳафт варзишгар – Акмалиддин Каримов (-58 кг), Хушқадам Хусравов (-64 кг.) Муҳаммадисо Раҷабов (-71 кг), Ҳамроз Раҷабов (-79 кг), Зафар Олимшоев (-88 кг), Фирдавс Насимов (-98 кг) ва Хуршед Маҷидов дар вазни + 98 кило – намояндагӣ мекунанд.
Инчунин имрӯз, 12-уми ноябр, дар сабқати занон оид ба самбои варзишӣ дар вазни то 59 кило Шоҳида Қаландарова ширкат варзид. Ӯ ба рақобат аз даври 1/8-ниҳоӣ сар кард ва аз рақибаш Анда Валвои аз Руминия шикаст хӯрд.
Шаш нафари дигар – Бобохон Мирзозода (-58 кг), Сорбон Латифов (-64 кг), Саидҷони Ҳайдар (-71 кг), Табрезшо Парпишоев (-79 кг), Фаридун Одилов (-88 кг) ва Олимхоҷа Олимов (-98 кг) - дар рақобатҳо оид ба самбои размӣ иштирок хоҳанд кард.
Ба барандагони медалҳои тилло дар ҳар вазн 4 000 доллари ИМА, барои медалҳои нуқра 3 000 доллари ИМА ва барои медалҳои биринҷӣ 2 000 доллари ИМА супурда мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста