10 паҳлавони ҷудокори тоҷик кишварро дар мусобиқоти самбои "Тоскулоҳи бузург" ё Abu Dhabi Grand Slam 2021- Абузабии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ намояндагӣ мекунанд. Дар назар аст, ин мусобиқот рӯзҳои 26-28-уми ноябр баргузор шаванд. Дар ин бора ба "Азия-Плюс", муассис гурӯҳи фейсбукии "Tajik sport" Абдурозиқ Неъматзода хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, дар назар аст Шаҳбоз Сайдаброров (-60 кг), Алиҷон Сафаралиев ва Баҳром Суфиев (-66 кг), Сомон Маҳмадбеков ва Маҳмадраҳим Сарахонов (-73 кг) ва Ҳақназар Назарову Хушвахт Идиев (-81 кг) майдондорӣ кунанд.

Ҳамчунин Комроншоҳ Устопириёну Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни - 90 кг  ва Темур Раҳимов паҳлавони сангинвазни тоҷик дар вазни +100 вориди рақобат шаванд.

Бояд гуфт, ки Темур Раҳимов аз миёни паҳлавонони тоҷик нахустин касест, ки дар таърихи ҷудои кишвар медали нуқраи рақобатҳои "Гранд Слам" ба хазинаи варзишии кишвар овард.

Ӯ дар сабқатҳои Grand Slam Baku-2021 дар вазни +100 кг сазовори медали нуқра шуд. Ин мусобиқа рӯзҳои 5-7 ноябри имсол баргузор шуда буд.

Аз миёни тоҷикон танҳо Маҳмадбек Маҳмадбеков ҷудокори шинохтаи тоҷик, дар сабқатҳои ҷаҳонӣб Русияро намояндагӣ мекунад ду бор ба дарёфти медали тилои рақобатҳои "Тоскулоҳи Бузург", соли 2020 дар Қазони Русия ва соли 2021 дар Бокуи Озорбойҷон даст ёфтааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.