Тими мунтахаб (U-15)-и Тоҷикистон мақоми дуюми мусобиқаи қаҳрамонии Созмони футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-ро ба даст овард. Ин мусобиқот рӯзҳои 19-23-юми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, ки бо пирӯзии тими мунтахаби наврасони Эрон ба поён расид.
Дар даври охирини мусобиқа, ки рӯзи сешанбе, 23-юми ноябр, доир шуд, мунтахаби Эрон дастаи Қирғизистонро бо ҳисоби бузурги 8:0 шикаст дод. Дар бозии дигари даври сеюм мунтахаби Тоҷикистон дастаи Узбекистонро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард.
Ҳамин тариқ, баъди натиҷагирии бозиҳои се даври мусобиқа тимҳои мунтахаби наврасони Эрон ва Тоҷикистон ҳафтимтиёзӣ гирифтанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо Эрон мақоми аввал ва Тоҷикистон мақоми дуюмро касб карданд.
Ҷойи сеюм насиби мунтахаби Ӯзбекистон шуд.
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар бозии аввал ба дарвозаи ҳамсолони худ аз Қириғизистон 5 голи беҷавоб зада, бозии даври дуюмро бо тими Эрон бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дода буд.
Бояд гуфт, ки мусобиқаи қаҳрамонии Созмони футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 15-сола аз рӯи системи даврӣ дар як давра сурат гирифт.
Ҷоизаи «Fair Play» («Бозии одилона») ба мунтахаби наврасони Қирғизистон супурда шуд. Капитан ё сарвони дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон Абубакр Сулаймонов, ки се гол зад, беҳтарин нишонзани мусобиқа шуд. Ҷоизаи аз ҳама бозигари муфидро Исмоил Ҳолизода аз тими мунтахаби Эрон ба даст овард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
«Рости гап»: Чаро забони тоҷикии адабӣ то ҳол оммавӣ нашуд
Деҳқони ҷайҳунӣ тарбузи зард парвариш кард
Бар асари тӯфони чангу ғубор ҳаво дар Душанбе чӣ гуна тағйир ёфт?
Ҷойҳо иваз шуданд: рубл беқурбу доллар гарон мешавад
ВКХ Русия қоидаҳои вуруд барои хориҷиёнро вобаста ба бекор шудани маҳдудиятҳо шарҳ дод
Вазорати маориф: “Барномаи таҳсилоти томактабӣ иҷро намешавад”
Reuters: Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати миллиардҳо маблағгузорӣ ба сохтмони неругоҳи “Роғун” дастур дод
Судяҳои ВМКБ ва Суғд барои “кирдорҳои пастзанандаи шаъну эътибор” аз мансаб барканор шуданд
MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд
Имкони гуфтушуниди қарибулвуқӯъи Аҳмад Масъуд бо Толибон дар Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста