Дастаи футболи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд тими “Истиқлол” - и Душанберор бо ҳисоби 2:0 мағлуб карда, барои бори панҷум барандаи Ҷоми Тоҷикистон шуд.

Ин бозӣ, имрӯз, 9-уми декабр, дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.

Бозӣ дар 90 дақиқа вақти асосӣ бидуни гол ҷамъбаст шуд ва довар 30 дақиқаи дигар (ду даври 15-дақиқаӣ) таъин кард. 

Дар замони изофа голҳоро Ҳоҷибой Зиёев дар дақиқаи 104 ва Артём Сердюк дар дақиқаи 117 заданд ва пирӯзии комили «Хуҷанд»-ро таъмин карданд.

Қаблан дар даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон «Истиқлол» ва «Хуҷанд» ду бор бо ҳам рӯбарӯ шудаанд. Соли 2010 душанбегиҳо бо ҳисоби 5:0 ва соли 2017 хуҷандиҳо бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда буданд.

Ба ин тартиб, «Истиқлол» дар таърихи худ 8 маротиба – солҳои 2009, 2010, 2013, 2014, 2015, 2016, 2018 ва 2019 барандаи Ҷоми Тоҷикистон шудааст. «Хуҷанд» панҷ маротиба – солҳои 1997/1998, 2002, 2008, 2017 ва 2021 Ҷоми кишварро ба даст овардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.