Дар қаҳрамонии бокси Осиё миёни ҷавонон, муштзани қирғиз Жакшилик Тилек уулу варзишгари тоҷик Хусравхон Раҳимовро лагадкӯб карданӣ шуда, барои ин аз ҳаққи ширкат дар мусобиқа маҳрум шуд.
Дар қувваозмоӣ байни варзишгари тоҷик Хусравхон Раҳимов ва муштзани қирғиз Жакшилик Тилек уулу дар қаҳрамонии бокси Осиё байни ҷавонон варзишгари қирғиз бо истифода аз усулҳои манъшуда ба сӯйи муштзани тоҷик лагад андохта, ӯро кӯфтанӣ шуд.
Дар натиҷа пеш аз раунди дуюм довар тасмим гирифт, ки қувваозмоиро боздошта, муштзани тоҷикро ғолиб эълон намояд.
Баъди чунин қарори довар аз чашмони Тилек уулу ашк рехта, пас аз эълони қарор низ боз ҳарифашро каме тела дод.
Қобили зикр аст, ки аз рӯйи натиҷаҳои қувваозмоиҳои пешакӣ, чанде аз муштзанҳои тоҷик ба марҳилаи дигар роҳ ёфтанд. Онҳо қувваозмоиҳоро барои роҳ ёфтан ба даври нимфиналӣ, ки рӯзҳои 25-26 январ баргузор мешаванд, идома медиҳанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Иттиҳодияи Аврупо ҷаласаи якуми Шӯрои ҳавзаи дарёи Вахшро ҳимоят кард
Ширкати раҳбарони ниҳодҳои блоки иқтисодӣ ва соҳибкорони тоҷик дар Форуми сармоягузории Брюссел
Чорабинии ҷамъбастии Шабакаи лоиҳаи “Таъмини об ва беҳдошт дар Тоҷикистон”
Рӯзҳои истироҳат ҳаво дар Тоҷикистон боронӣ мешавад
5 литр то 150 сомонӣ: арзиши равған ҳам ба дунболи орд боло рафт
Шамоли сахт дарахтҳоро болои автомашинаҳо чаппа кардаву боми хонаҳоро барканд
Агентии Оқохон муштаракан бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ВМКБ паногоҳи муваққатӣ месозад
Дар Душанбе омӯзиши санъати тасвирии хоси абрисозӣ дар ҷараён аст
Муҳоҷирони тоҷик украиниҳоро дар Лаҳистон иваз карда метавонанд?
Мунтахаби футболи Тоҷикистонро ба Ҷоми Осиё мураббии “Хатлон” омода мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста