Баҳодур Усмонов муштзан ва варзишгари пуровозаи кишвар дар 40-уми мусобиқаи байналмилалии бокс дар Финландия ба дарёфти медали тилло мушарраф шуд. Дар ин бораи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ин мусобиқот рӯзҳои 7-10-уми апрел дар шаҳри Хелсинки бо бо ҳузури 100 варзишгар аз кишварҳои Финландия, Норвегия, Шведсия, Эстония, Англия, Уэлс, Шотландия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Арманистон, Маҷористон, Фаронса, Олмон, Булғористон ва Укроин баргузор шуд.

Баҳодур Усмонов дар вазни -63,5кг муҳорибаро аз чорякфинал оғоз кард. Варзишкори тоҷик бар намояндаи Арманистон Ҳамлет Мнатсаканян бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуд. Дар нимфинал ҳарифаш аз Маҷористон Ричард Ковачро бо ҳисоби 3:2 шикаст дод ва дар финал бар варзишгари шотландӣ Риси Лунч бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд медали тиллоро соҳиб шуд.

Мусобиқаи «GeeВee Boxing Tournament-2022» аз соли 1982 баргузор мешавад. Имсол муҳорибаҳо аз рӯи 4 вазн миёни бонувон ва 11 вазн миёни мардҳо сурат гирифтанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.