Меҳриддин Шарипов ва Мутриба Ҳотамӣ дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба шоҳмот, ки дар шаҳри Турсунзода доир гардид, пирӯзӣ ба даст оварданд.

Байни мардон ғолиби мусобиқа Меҳриддин Шарипов аз 9 холи имконпазир 7,5 хол ба даст оварда, Алишер Каримов бо 7 имтиёз ба ҷойи дуюм ва Суҳроб Ҳамдамов бо 6,5 хол - ба зинаи сеюм соҳиб шуданд.

Сурат: Asia-Plus

Дар мусобиқа байни занон Мутриба Ҳотамӣ бо касби 7,5 хол аз 8 холи имконпазир зинаи аввал, Рухшона Саидова ва Лидия Антонов бо касби 6,5-холӣ зинаҳои дуюму сеюмро ишғол намуданд.

Сурат: Asia-Plus

Дар байни собиқадорон Ашӯр Ёрмадов ғолибият ба даст оварда, зинаҳои дуюму сеюм мутаносибан насиби Зӯрхон Ризвонов ва Олуча Ҷумъаев шуд.

Сурат: Asia-Plus

Тавре ки дабири кулли Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон Илҳом Юнусов хабар дод, дар муобиқа зиёда аз 60 шоҳмотбоз аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ширкат варзиданд. Ба гуфтаи ӯ, ғолибону ҷоизадорони мусобиқа ҷиҳати иштирок дар Олимпиадаи умумиҷаҳонии шоҳмот, ки тобистони соли равон дар Ченнаи (Ҳиндустон) доир мегардад, ба ҳайати дастаи мунатахаби Тоҷикистон шомил мешаванд.

Сурат: Asia-Plus

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа аз ҷониби Кумитаи ҷавонон ва варзиш, Федератсияи шоҳмоти ҷумҳурӣ ва ширкати “Сардор-200*” бо мукофоту туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.

Мусобиқа дар Кохи шоҳмоти шаҳри Турсунзода баргузор шуд. Ин кох аз ҷониби ширкати “Сардор-2008” бунёд гардида, яке аз марказҳои беҳтарин оид ба рушди шоҳмот дар ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.