Алиризо Баҳромов, варзишгари тоҷик дар рӯзи ниҳоии Чемпионати Осиё оид ба гуштин миёни наврасони то 15-сола медали нуқра ба даст овард.
Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Алиризо дар вазни -68 кг-и гуштини тарзи озод дар ду давр бар варзишгарони Қирғизистон ва Қазоқистон ва дар нимфинал бар варзишгари Ҳиндустон ғалаба ба даст оварда, ба даври финалӣ баромад.
Номбурда дар финал аз варзишгари Эрон Ризо Алиакбар Афшор мағлуб гардида, сазовори медали нуқра шуд.
Ҳамзамон дар мусобиқаи мазкур варзишгар Идрис Баҳромов, бародари Алиризо дар вазни -48кг қувваозмоӣ намуд, вале аз медал бенасиб монд.
Ёдрас мекунем, ки дар рӯзи аввали Чемпионат варзишгарони тоҷик ду медал – 1 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд. Медали нуқраро Исоҷон Нураҳмадов дар вазни -68кг ва медали биринҷиро Муҳаммад Абдуҳакимзода дар вазни -62кг ба даст оварданд.

Бояд гуфт, ки Чемпионати Осиё оид ба гуштин миёни наврасон (U15) ва ҷавонон (U20) дар шаҳри Манамаи Баҳрайн то 10 июл идома меёбад.
Ҳамзамон қувваозмоиҳо миёни наврасон ба анҷом расида, аз имрӯз, 5 июл то 10 июл қувваозмоиҳо миёни ҷавонон баргузор мешавад.
Дар ин синну сол Тоҷикистонро се варзишгар – Фирӯз Мирзораҷабов (-60кг), Шероз Очилов (-72кг) дар гуштини юнонӣ-римӣ ва Саидасан Ашрафхонов (-74) дар гуштини озод намояндагӣ мекунанд.
Боздошти марди 80-сола бо гумони дастдарозӣ ба занон
Воридкунандагони нақлиёти барқиро дар Тоҷикистон аз пардохтҳои андозу гумрук озод мекунанд
Обуҳавошиносон аз селфароӣ дар саросари Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд
Дарёфти ҷасади духтари 16-сола аз дарёи Зарафшон
Ҳунарҳои устоҳои Истаравшан, ки Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайрат овард
Ашраф Ғанӣ: Бар асоси сарқонун ман Президенти Афғонистон ҳастам
Оғози тамринҳои низомии Фармондеҳии марказии ИМА дар Тоҷикистон
Паймонкори қазияи ҳалокати муҳоҷирон дар чоҳи обрави Маскав ҳабси хонагӣ шуд
Ҷудокори тоҷик Нуралӣ Эмомалӣ - қаҳрамони ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон
Раиси ҷамъияти тоҷикон вакили Новосибирскро ба “барангехтани адовати миллӣ” айбдор мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста