Душанбе. 19-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар моҳи апрели соли ҷорӣ музди миёнаи меҳнат дар тамоми соҳаҳои иқтисоди Тоҷикистон 219,96 сомониро ($64,3) ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39,8 фоиз бештар мебошад.

Муовини вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон Субҳониддин Ашӯров дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки музди меҳнати миёнаи баландтарин дар шаҳри Душанбе (471,09 сомонӣ) ба қайд гирифта шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар соҳаи истеҳсоли неъматҳои моддӣ музди меҳнати миёнаи баландтарин дар соҳаи алоқа (568,83 сомонӣ) буда, пасттарин дар соҳаи хоҷагии ҷангал ва кишоварзӣ (мутаносибан 54,77 ва 56,60 сомонӣ) аст.

«Дар соҳаи ғайриистеҳсолӣ музди меҳнати баландтаринро (1 ҳазору 15 сомонӣ) кормандони соҳаи андоз ва молия мегиранд», - зикр кард ӯ.

Муовини вазир баён дошт, ки айни замон дар Тоҷикистон 530 ҳазор нафақахӯрон ба сар мебаранд, шумораи нафарони машғули кор 784 ҳазорро ташкил медиҳад. «Дар сурати аз рӯи меъёрҳои байнулмилалӣ ба 1 нафақахӯр рост омадани 4 коргар чунин ҳолат он қадр мусоид нест, зеро дар Тоҷикистон ин таносуб қариб «як ба як» аст», - афзуд ӯ.