Душанбе. 19-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар 77 ҳазору 369 тонна сабзавоту меваҷот содирот карда шудааст, ки 5 ҳазор аз он маҳсулоти консервшуда мебошад.
Муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон Маҳмуд Қодиров дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки содироти махсулоти мевагӣ дар ин давра нисбат ба нишондиҳандаҳои ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 1 ҳазору 152 тонна ё худ 46,7 фоиз зиёдтар аст. Зикр гардид, ки содироти гелос ду баробар (173 тонна) ва зироати полизӣ 84,4 фоиз дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта афзудааст.
Мувофиқи маълумоти Хадамоти давлатии назорат, фитосанитарӣ ва карантини назди вазорати кишоварзӣ, дар нимсолаи аввал маҳсулоти содиротшуда аз кишвар 184 ҳазору 186 тоннаро ташкил додааст, ки беш аз 34 ҳазори он меваи хушк мебошад.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста