Панҷакент. 19-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Толибилмони макотиби таҳсилоти ҳамагонии Панҷакент барои истироҳат ба қароргоҳи кӯҳнавардиву сайёҳии «Артуч» рафтанд. Муовини мудири шӯъбаи маорифи шаҳри Панҷакент Барно Ашӯрова ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар он ҷо барои 110 нафар хонандагон ва фарзандони омӯзгорони мактабҳо лагери тобистона ташкил карда шудааст. Иттифоқи касабаи шӯъбаи маориф 70 фоизи арзиши роҳхатхоро пардохтааст.

Ба қавли ӯ, дар назди мактабҳо барои 9 ҳазор хонандагон лагерҳои истироҳатӣ фаъолият мекунанд. «Ҳамчунин барои кӯдакони душвортарбия низ ташкили чунин лагерҳои истироҳатӣ пешбинӣ шудаанд», - афзуд Б.Ашӯрова.