Кӯлоб. 19-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Вазорати тандурустӣ ҷиҳати баргузории чорабиниҳои пешгирии бемории варами шуш ба минтақаи Кӯлоб 8 ҳазор адад вактсинаҳои зидди ин бемориро фиристод.

Сардухтури беҳдоштии минтақаи Кӯлоб Саид Давлатов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки истифодаи вактсина миёни кӯдакони синни аз 2-сола боло ва шаҳсони аз 65-сола боло гузаронида мешавад.

«Ҳамчунин нисбат ба беморони қанд, зиққи нафас, дил ва гирифтори нашъамандӣ низ чораҳои пешгирӣ гузаронида мешаванд», - гуфт ӯ ва афзуд, ки бештари чунин беморон дар ноҳияҳои Восеъ, Ҳамадонӣ ва Фархор ба қайд гирифта шудаанд.

«Вактсинаҳо ба ноҳияҳо фиристода шуданд ва дар анборҳои махсус нигаҳдорӣ мешаванд, - идома дод ӯ. - Ба нахустин эҳтиёҷмандон аллакай тавассути ин вактсина кӯмаки тиббӣ расонида шуд».