Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки санаи 25-уми июл дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, масъалаи имкони бекор кардани моратория ба узвият дар созмон муҳокима хоҳад шуд.

Дар ин хусус бо истинод аз сарчашма дар Вазорати корҳои хориҷии Русия сомонаи иттилоотии «ИнфоШОС» хабар медиҳад.

«Моратория ду сол идома ёфт. Айни замон мо кӯшиш ба харҷ хоҳем дод, ки имкони тавсиаи созмонро муҳокима намоем», - гуфт манбаъ.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, вазирон ҳамчунин масоили   омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои сарони кишврҳои узви СҲШ-ро, ки 28-уми август дар Душанбе доир мегардад, низ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.