Панҷакент. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Муштариёни оператори алоқаи мобилии ширкати «Индиго Сомонком» дар водии Зарафшон муддати як шабонарӯз аст, ки ба ҷое занг зада наметавонанд - алоқа ба шабакаи оператор дастрас нест.

Дар маркази расмии хидматгузории ширкат дар шаҳри Панҷакент иттилоъ доданд, ки алоқа ба иллати носозгироҳои техникӣ қатъ гардидааст.

Ба гуфтаи манбаъ, алоқа дар тамоми қаламрави вилояти Суғд қатъ шудааст, яъне дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ чунин мушкилот ҷой дорад.

«Дар нимаи дуввуми ҳамин рӯз тамоми носозгориҳои техникӣ бартараф карда мешаванд ва муштариён метавонанд аз хидматгузориҳои ширкат истифода намоянд», - афзуд сарчашма.

Маълумотнома: Оператори алоқаи GSM -и Тоҷикистон - ширкати «Индиго-Сомонком» аз ҷониби корпоратсияи амрикоии МТС моҳи марти соли 2000 таъсис дода шудааст. Ширкат беш аз 270 ҳазор нафар муштарӣ дорад. Соли 2007 «Сомонком» моликияти ширкати телекоммуникатсионии шведиву финнии «TeliaSonera» гашт ва саҳмияҳои шартии оператори алоқаи «Индиго Тоҷикистон»-ро харидорӣ намуд.