Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» -   Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Тоҷикагролизинг» ҷиҳати харидории техникаи кишоварзӣ, аз қабили трактору комбайнҳои таъиноти гуногуни кишоварзӣ бо корхонаҳои Белорусу Ӯзбекистон ба миқдори умумии 7,7 млн. сомонӣ шартнома ба имзо расонидааст.

Ба қавли муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон Маҳмуд Қодиров, ҳафтаи оянда ба Тоҷикистон аз Белорус 62 адад трактору 14 комбайн, дигар техникаи кишоварзӣ ва аз Ӯзбекистон 20 трактори навъи «МТЗ-80» ворид карда мешаванд.

«То имрӯз муассисаи «Тоҷикагролизинг» ҷиҳати иҷораи техника аз 68 хоҷагиҳои деҳқонӣ дархост гирифтааст, - гуфт муовини вазир. - Ҳафтаи гузашта ба хоҷагиҳои ноҳияҳои Ваҳдат ва вилояти Хатлон тркаторҳои навъи «МС-288»-и истеҳсоли Эрон ба иҷора дода шуданд».

Ёдрас мекунем, ки КВД «Тоҷикагролизинг» 30-уми ноябри соли 2007 дар назди вазорати кишоварзӣ таъсис ёфта, дар муддати 5 сол барои харидории техникаи кишвоарзӣ ба он 5 млн. сомонӣ ҷудо карда мешавад.