Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Иттиҳоди Аврупо Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистонро бо таҷҳизоти лаборатории ташхис ба маблағи беш аз 260 ҳазор евро таъмин намуд.

Сардори лабораторияи марказии ташхисии хадамоти номбурда Сафол Мӯсоев изҳор дошт, ки кӯмаки мазкур дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо таҳти унвони «Ислоҳот дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» сурат мегирад. «Мутахассисони Русия ва Тоҷикистон ҳамин рӯз ба насби таҷҳизот шурӯъ карданд», - гуфт ӯ.

Ба қавли С.Мӯсоев, дар доираи амалисозии лоиҳаи мазкур ҳамчунин баргузории курсҳои омӯзиши забони англисӣ барои кормандони хадамот ва табодули таҷриба бо ҳамотёни украинӣ ба нақша гирифта шудааст.