Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Кишвари ҳамсоя ба иллати қарзи Тоҷикистон, ки беш аз $7 миллионро ташкил медиҳад, боз ҳаҷми интиқоли газро ба Тоҷикистон коҳиш дод.

Муовини аввали директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Тоҷикгаз Шавкат Шоимов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ҳамарӯза ба Тоҷикистон аз кишвари ҳамҷавор ҳудуди 528 ҳазор метри мукааб (наздик ба 22 ҳазор метри мукааб дар як соат)   газ интиқол дода мешуд. Ҷанде қабл ин рақам ба 30-40 ҳазор метри мукааб баробар буд.

«Ба иллати напардохтани маблағи қарзи истифодаи газ давлати ҳамсоя интиқоли онро коҳиш дод, - гуфт ӯ. - Айни замон маблағи қарзи истифода аз газ 7 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад».

Мувофиқи маълумоти Ш.Шоимов, феълан Корхонаи воҳиди давлатии «Талко» (Корхонаи алюминии Тоҷикистон) дар ҳаҷми пурра газ мегирад ва қисман онро Ҷамъияти саҳомии кушоди «Тоҷиказот» истифода мебарад, ки дар он як хати истеҳсол фаъолият дорад.

Ба қавли ӯ, қарздорони асосӣ ширкати «Барқи тоҷик» ($3,8 млн.) ва Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксемент» ($2,5 млн.) мебошанд ва интиқоли газ ба корхонаи «Тоҷиксемент» қатъ карда шудааст.

«Агар ширкату корхонаҳои мазкур мабалағи қарзро пардохт кунанд, дар он сурат «Тоҷикгаз» низ бо ҷониби Ӯзбекистон ҳисоббаробарӣ намуда, бобати барқарорсозии интиқоли газ дар ҳаҷми пурра гуфтушунид мекард», - афзуд Ш.Шоимов.