Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Сафари кории раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳиддин Кабирӣ ба ноҳияҳои минтақаи шимоли кишвар хотима ёфт.

Роҳбари шӯъбаи таҳлилии ҲНИТ Ҳикматулло Сайфуллозода ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки гурӯҳи кории ҳизб аз 6 ноҳияи вилояти Суғд - Айнӣ, Панҷакент, Кӯҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон, Ғончӣ ва Зафаробод боздид кардааст.

Мавсуф мегӯяд, ки дар ноҳияҳои Айнӣ, Панҷакент ва Кӯҳистони Мастчоҳи водии Зарафшон мулоқоту вохӯриҳо хуб сурат гирифтанд, вале дар се ноҳияи дигари вилоят гурӯҳи корӣ бо мушкилот мувоҷеҳ гаштааст.

«Моро бавижа мавқеи маъмурияти ноҳияи Шаҳристон ба тааҷҷуб гузошт, зеро онҳо нахостанд, бо мо гуфтушунид кунанд», - гуфт ӯ.

Дар вохӯриҳо бо сокинони ноҳияҳои Ғончӣ ва Зафаробод масоили норасоии об ва тақсимоти замин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. «Ҳамчунин сокинони ҳамаи ноҳияҳоро масъалаи сатҳи барномаҳои телевизионӣ давлатӣ ба ташвиш гузоштааст, - идома дод Ҳ.Сайфуллозода. - Ба назари онҳо барномаҳои телевизиони давлатӣ воқеияти зиндагиро таҷассум намесозанд ва онҳо аз симову фарҳанги миллӣ дуранд». Ҳ.Сайфуллозода чунин изҳори назар кард, ки шояд маҳз бо ҳамин сабаб дар як қатор ноҳияҳои вилояти Суғд то ҳол нуфузи шабакаҳои телевизиони Ӯзбекистон назаррас аст.