Душанбе. 22-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар шаҳри Қазон (Тотористон) конфронси байнулмилалӣ дар мавзӯи «Нақш ва мақоми ташкилотҳои ғайридавлатӣ (ТҒД) дар танзими равандҳои хориҷии муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ» ба анҷом мерасад.

Директори Маркази дастгирии ҷомеаи шаҳрвандии «Шаҳрванд»-и шаҳри Кӯлоб Додарбек Сайдалиев тавассути телефон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки конфронс аз ҷониби Созмони байнулмилалии муҳоҷират (СБМ), ҳукумати Тотористон ва Фонди кӯмаки иҷтимоиву ҳуқуқӣ ба созмонҳои миллии фарҳангӣ ва муҳоҷирони «Мусоидат»-и Ҷумҳурии Тотористон созмон дода шудааст.

Ба қавли ӯ, дар конфронс намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, ки бевосита бо муҳоҷирони меҳнатӣ сарукор доранд, иштирок мекунанд.

Мавсуф мегӯяд, ки ташкилотҳои ғайридавлатӣ хоҳ нохоҳ бо масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ солҳои зиёде бевосита машғуланд, аммо миёни созмонҳои ғайриҳукуматии ин кишварҳо ягон ҳамоҳангии кору фаъолият ҳис намешуд.

«Бар асоси гузоришоту пешниҳодот дар конфронс стратегияи умумии ҳамкории мутақобилаи ТҒД бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва додситонӣ оид ба масъалаи муҳоҷирати меҳнатии ғайриқонунӣ таҳия мегардад», гуфт ӯ ва афзуд, ки ҳамчунин масъалаҳои ташкил кардани механизми пурсамари танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ дар қаламрави минтақаҳои Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, рушди шаклҳо ва тарзҳои ҳамкории касбии ТҒД бо мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, нақши диаспораҳо дар он ва ҳамгиройии муҳоҷирони меҳнатӣ низ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.