Душанбе. 22-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Тибқи механизми нави сармоягузории соҳаи пахтакорӣ, ки соли равон бори нахуст амалӣ мегардад, миёни хоҷагиҳову бонкҳо оид ба маблағгузории қарзии 92 ҳазору 678 гектар замини кишти пунбадона шартномаҳо ба имзо расиданд.

Муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон Маҳмуд Қодиров дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки бо кӯмаки бонкҳо ҳамчунин дар байни хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ширкатҳои фючерсӣ оид ба маблағгузории боз 100 ҳазору 647 гектар замини кишти пунбадона шартнома баста шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар майдони 35 ҳазору 608 гектар хоҷагиҳо бо маблағҳои худӣ кор мекунанд.

«Ҳамин тариқ, 228 ҳазору 933 гектар ё худ 90,2 фоизи майдони мувофиқи нақша пешбинишудаи заминҳои кишти пунбадона маблағгузорӣ карда шудаанд, - гуфт муовини вазир. - Маблағи умумии шартномаҳои баимзорасида 433 млн. 809 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки беш аз 205 млн. ё худ 42,3 фоизи он аллакай азхуд карда шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки тибқи механизми нави сармоягузории соҳаи пахтакорӣ ба 1 гектар 2 ҳазору 770 сомонӣ маблағгузорӣ карда мешавад (ҳудуди $808). Мувофиқи маълумоти ахири вазорати кишоварзӣ, айни замон дар ҷумҳурӣ 29 ҳазору 200 хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият доранд.