Хуҷанд. 22-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Доираҳои тиҷоратии минтақаи Шарқи Дури Русия дар шимоли Тоҷикистон Иттиҳодияи истеҳсолкунандагон ва таъминкунадагони маҳсулоти рақобатпазир таъсис медиҳанд.
Роҳбари гурӯҳи ташаббускори созмондиҳандагони ин иттиҳодия, сокини шаҳри Владивосток Александр Емелянов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки фаъолияти созмон ба содироти маҳсулоти зарурии истеҳсолкунандагони Суғд ба Шарқи Дур нигаронида хоҳад шуд.
Ба гуфтаи ӯ, иттиҳод тибқи барномаҳои мақсаднок ва лоиҳаҳои миллӣ аз буҷаи давлатии Русия маблағгузорӣ мешавад.
«Иттиҳодия пас аз ба имзо расидани протоколи нияти узвият аз ҷониби ҶДММ КМ «Текстил Сити», ҶС «Сирандуд», «Зиннат», «Пойафзоли Хуҷанд», «Комбинати истеҳсоли консерв», ҶСП «К-З», КМ «Хуҷанд-Пакижинг» ва ҶСП «САТН» таъсис меёбад, - гуфт А.Емелянов. - Як қатор истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ нияти узвият ба иттиҳодияро доранд».
Мавсуф афзуд, ки минтақаи Шарқи Дур ба маҳсулоти корхонаҳои зикргардида ниёз дорад. «Оиннномаи иттиҳодия ҷиҳати тасдиқ ба раёсати адлияи вилояти Суғд пешниҳод гардида, масоили ҳуқуқии ташкили чорабиниҳои тадорукотӣ ба дӯши ширкати ҳуқуқии шаҳри Хуҷанд «Фемида вогузор шудааст», - зикр кард дар анҷоми мусоҳиба А.Емелянов.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста