Душанбе. 22-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон Соҳибназар Раҳмонов дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки дар давраи солҳои 2004-2010 ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ ва 27 созмонҳои байнулмилалӣ барои дастгирии рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон $121 млн. 500 ҳазор маблағ ҷудо кардаанд. Ӯ гуфт, ки ин маблағҳо айни замон дар татбиқи 54 лоиҳа истифода мешаванд. Вай баён дошт, ки $26 млн. 576 ҳазор аз ин маблағҳо қарз дода шудаанд.

С.Раҳмонов ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар доираи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо дастгирии Маркази амалисозии лоиҳаи тандурустии асосӣ ва ҷамоавӣ (Бонки ҷаҳонӣ) дар 10 муассисаи тиббии вилояти Хатлон корҳои таъмиру таҷдид ба маблағи 1,4 млн. сомонӣ гузаронида шуданд.

Мавсуф афзуд, ки феълан дар 9 бунгоҳи тиббии шаҳри Кӯлоб дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи сармоягузории Бонки рушди Осиё ($370,5 ҳазор) оид ба ислоҳоти низоми соҳаи тандурустӣ корҳои таъмиру таҷдид идома доранд.