Душанбе. 23-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Муовини директори Агентии сохтмон ва меъмории назди президенти ҶТ Мирзоҳусайн Султонов изҳор дошт, ки дар шаҳри Душанбе ҳудуди 20 фоизи биноҳои кӯҳна ва дар ҳолати сададмавӣ қарордошта корношоям гаштаанд.

«Аз байн бардоштани биноҳои кӯҳна амри табиӣ аст баҳри дигаргунсозии симои шаҳр ва аз он аҳолии пойтахт набояд дар ҳарос афтад», - гуфт ӯ.

                  Муовини директори агентӣ феълан суръати сохтмони иншшотҳоро дар шаҳри Душанбе қаноатбахш арзёбӣ намуд.

                М.Султонов афзуд, ки ҳарчанд дар сохтмони иншшоти имрӯза тарзи меъмории замонавӣ истифода мешаваду он падидаи мусбат аст, вале ин ҷо анъанаҳои миллии сохтмони шаҳрҳо ба назари эътибор гирифта нашудаанд.

                «Сабаб дар он аст, ки сохтмони бештари иншоот имрӯз аз ҷониби сармояи хориҷӣ ё соҳибкорони хусусӣ маблағгузорӣ карда мешавад ва онҳо дар интихоби тарзи ороиш ва меъмории он мустақиланд», - гуфт дар анҷом М.Султонов.