Душанбе. 23-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Ёқубзод дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки вазъи обанбори Норак ташвишовар аст - мизони об дар он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 метру 21 сантиметр камтар аст.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳамин давраи соли гузашта сатҳи захираи об дар обанбори Норак ба 895 метр баробар буд, имсол бошад, ин рақам 885 метрро ташкил медиҳад. Вазир бар ин назар аст, ки хушксолии имсол ба чунин вазъ боис шудааст.

С.Ёқубзод ҳамчунин зикр кард, ки барои захираи об бояд саривақт чораҳо андешид, зеро вазъи бӯҳронии таъмини нерӯи барқ дар зимистони гузашта моро ба ин водор месозад.

Мавсуф баён дошт, ки аслан нерӯи барқ бештар дар фаъолияти пойгоҳҳои обкашӣ истифода бурда мешавад ва тибқи маълумоти олимон, ба иллати хушксолии имсола ва кишти дери пунбадона агар соли гузашта барои обёрии як метри мураббаъи замини кишти пахта 3 литр об сарф шуда бошад, пас, имсол он ба 6 литр баробар аст.