Душанбе. 24-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Ҳаким Солиев изҳор дошт, ки ҳарчанд кумита нақшаи ҷамъоварии андозро дар нимсолаи аввал барзиёд (15 дарсад) иҷро карда бошад ҳам, аз ӯҳдаи иҷрои супориши президенти Тоҷикистон оид ба ҷамъоварии иловагии андоз ба маблағи 600 млн. сомонӣ баромада натавонистааст.

            Мавсуф зикр кард, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ мақомоти кумитаи андоз ба буҷаи ҷумҳурӣ ба ҷои 727,4 млн. сомонии мувофиқи нақша пешбинишуда 840,2 сомонӣ маблағ ворид сохтанд.

            Дар ҳамин ҳол, ӯ баён дошт, ки нақша аз рӯи чор навъи андоз - андоз аз истифодаи сарватҳои зеризаминӣ (79,2 дарсад), андози ягона (96 дарсад), андози давлатӣ (87,6 дарсад) ва андоз аз фурӯши чакана (98,7 дарсад) иҷро нашудааст.

            «Ман мутмаъинам, ки то охири сол мо супориши додаи сарвари давлатро ба иҷро хоҳем расонид», - гуфт Ҳ.Солиев ва афзуд, ки ба иллати бӯҳрони шадиди имсола ва коҳиш ёфтани мизони тавлиди маҳсулоти саноатӣ иҷрои ин супориш ба таъхир афтод.