Душанбе. 26-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Муовини ректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Наталя Бессонова изҳор дошт, ки охири моҳи августи соли равон зимни сафари расмӣ ба Тоҷикистон президенти Русия Дмитрий Медведев аз донишгоҳи мазкур боздид хоҳад кард.

Ба қавли ӯ, Д.Медведев дар маросими ифтитоҳи маркази «Ҷаҳони русӣ» (Русский мир) иштирок хоҳад намуд. «Маркази номбурда дар назди китобхонаи донишгоҳ боз мегардад», - зикр кард мавсуф.

Ёдрас мекунем, ки Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон бо қарори ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия соли 1996 таъсис дода шуда, дар муддати кӯтоҳ ба яке аз мактаби олии бонуфузи ҷумҳурӣ табдил ёфт.