Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» -   Қарзи хориҷии Тоҷикистон то 1-уми июли соли 2008 ба беш аз $1 млрд. 252 миллион баробар аст, ки он 28,59 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро (ММД) ташкил медиҳад.

Сардори Сарраёсати қарзи давлатӣ ва активҳои молиявии давлатии Вазорати молияи ҶТ Темуралӣ Афғонов изҳор дошт, ки қарзи мустақими давлатии ҳукумати Тоҷикистон аз $1 млрд. 157 миллион зиёдтар аст, ки 26,47 дарсади ММД-ро ташкил медиҳад. «Қарзҳои Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) аз Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) ба $44,36 млн. баробар аст», - гуфт ӯ ва афзуд, ки қарзҳои кафолатноки давлатӣ беш аз $27,83 млн. ва қарзҳои муассисаҳои давлатӣ бидуни кафолати давлатӣ $20,41 миллионро ташкил медиҳанд.

Мавсуф зикр кард, ки қарзи хориҷии Тоҷикистон дар ним сол ба андозаи $132,13 млн. афзуда, айни замон ба $1 млрд. 119,90 млн. баробар аст.

«Афзоиши қарзи хориҷӣ ба азхудкунии воситаҳои қарзии «Эксимбонк»-и Чин, созмонҳои байнулмилалии молиявӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ, Бонки рушди Осиё, Фонди кишварҳои нафтрасон (ОПЕК), Фонди рушди Қувайт ва ғайра афзуд», - гуфт дар анҷом Т.Афғонов.