Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия Плюс»-«Помир Медиа» - Таи 6 моҳи соли 2008-ум хаҷми интиқоли пулӣ аз ҷониби ашхоси воқеӣ аз хориҷи кишвар тавассути бонкҳо бештар аз 16 миллиону 695 сомониро ташкил дод.

Дар ин бора сардори бахши бонки миллӣ дар Хоруғ Насриддин Насриддинов иттилоъ дод.

Ҳаҷми интиқоли маблағ таи соли гузашта тавассути бонкҳо 23 миллиону 382 ҳазор долларро ташкил додааст. Ҳаҷми бештари пул аз муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия ворид шудааст. Барои бисёр хонаводаҳо дар Бадахшон маблағи интиқолӣ ягона воситаи даромад маҳсуб мешавад.