Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ муносиботи хориҷии дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо кишварҳои дигар тавсиа ёфта, дар ин муддат 30 санад, аз ҷумла 14 созишномаи гуногун ба имзо расиданд.

Вазир ёдовар шуд, ки соли равон президенти Тоҷикистон ба кишварҳои Эрон, Алҷазоир ва Қазоқистон сафари расмӣ анҷом дода, дар як қатор мулоқоту нишастҳои расмӣ ва ғайрирасмии сарони давлатҳо дар чаҳорчӯбаи созмону иттиҳодҳои гуногун иштирок кард. Дар навбати худ, имсол президенти Украина Виктор Юшенко ва президенти Қирғизистон Қурмонбек Боқиев бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Зимни гуфтушунидҳо бо В.Юшенко миёни кишварҳо 8 санадҳои ҳамкорӣ ба тасвиб расиданд. Эмомалӣ Раҳмон охирҳои соли ҷорӣ аз Украина боздиди расмӣ хоҳад кард. Ҳ.Зарифӣ муносиботи Тоҷикистон бо Қазоқистону Қирғизистонро қаноатбахш арзёбӣ намуд.

Ҳангоми посух ба суоли мушкилоти муайянсозии марзҳо бо Ӯзбекистон, ӯ иброз дошт, ки ин масъалаи мубрам аз замони шӯравӣ мерос мондааст. «Ман аз вазири корҳои хориҷии Русия дархост кардам, то имкон диҳанд, мо дар бойгониҳои Маскав баъзе ҳуҷҷатҳоро аз нав омӯзем, зеро то ба имрӯз дар бораи чанде аз қитъаҳои сарҳадӣ мо маълумоти мушаххас надорем, - зикр кард ӯ. - Корҳо дар ин самт идома доранд ва набояд ба шитобкорӣ роҳ дод».

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки масъалаи раводид кори мустақилонаи ҳар давлат аст, вале чун мо бо кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон алоқаҳои зиёде, аз ҷумла хешутаборӣ дорем, пас зарур аст, бикӯшем, ки масъалаи равуои шаҳрвандонро осонтар кунем, аммо набояд ба касе шарт гузошт, ки дар ҳамин мӯҳлат ин мушкилот ҳал карда шавад.

Ҳ.Зарифӣ оид ба масъалаи сохтмони нерӯгоҳҳои обию барқӣ дар рӯдхонаи Зарафшон чунин изҳори ақида кард, ки нерӯгоҳҳо на барои эҷоди мушкилот, балки ҷиҳати рушди иқтисоди тамоми минтақа бунёд мегарданд. «Ӯзбекситон тақозо намуд, ки ташхиси ё таҳқиқоти холисона гузаронида шавад ва мо аз Олмон дархост кардем, ки онро анҷом диҳад, - идома дод ӯ. - Тибқи хулосаи таҳқиқоти коршиносони олмонӣ ин нерӯгоҳҳо ба ҳеҷ кишвари ҳамҷавор зарар нахоҳанд овард, чунки иқтидори онҳо начандон пурқувват буда, сарбандашон баланд нест ва ҳамчунин обанбори онҳо ҳамарӯза танзим гардида, бузург нахоҳад буд».