Душанбе . 28- уми июл . ОИ « Азия - Плюс »-« Помир Медиа » - Хатмкунандаи мактаби ноҳияи Мурғоб дар озмуни байналмиллалӣ оид ба забони русӣ сазовори ҷои саввум шудааст .

Ба гуфтаи мудири маорифи ноҳияи Мурғоб Элмира Татиева Анора Муратова-хатмкунандаи   мактаби рақами 1-и ноҳия дар озмуни байналмиллалӣ дар Маскав ширкат дошта, ба ҷои саввум лоиқ дониста шудааст. Дар озмун намояндагони 36 давлати дунё ширкат варзидаанд.

«А.Муратова барои дохил шудан ба Институти забони русии ба номи Пушкин соҳиби квота гардидааст»,- афзуд манбаъ.