Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Фардо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ҷиҳати иштирок дар мулоқоти навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои форсизабон ба Теҳрон меравад.

Аз сафоратхонаи Эрон дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Эрону Афғонистон дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Бино ба иттилои манбаъ, Ҳамрохон Зарифӣ, Манучеҳр Муттақӣ ва Рангин Додфар Спанта масоили ҷараёни омодагии боздиди сарони кишварҳоро, ки баргузории он соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе дар назар аст, ҳаллу фасл хоҳанд кард.

Дар мулоқот ҳамчунин муҳокимаи масъалаи имконоти сохтмони роҳи оҳан миёни кишварҳо, таъсиси шабакаи телевизионии муштарак, ҳамкориҳои фарҳангӣ ва таҷлили ҷашни 1150-умин солгарди асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷики Абӯабдулло Рӯдакӣ низ ба нақша гирифта шудааст.