Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ ( IFC ) ба таҳқиқоти таҷрибаи идораи корпоративӣ дар Тоҷикистон шурӯъ кард.

Мутахассиси масъули робита бо ҷомеаи лоиҳаи IFC оид ба идораи корпоративӣ дар Осиёи Марказӣ Вадим Неъматов изҳор дошт, ки таҳқиқот дар Тоҷикистон бори нахуст сурат гирифта, он барои тезонидани раванди ислоҳоти идораи корпоративӣ дар кишвар сарчашмаи ғании маълумот хоҳад гашт.

Зикр гардид, ки зимни баргузории таҳқиқот аз таҷрибаи феълии роҳандозии идоракунии корпоративии ҷамъиятҳои саҳомӣ, бонкҳо ва ниҳодҳои дигари молиявӣ натиҷагирӣ шуда, дараҷаи риояи меъёрҳои байнулмилалӣ ва қонунгузории Тоҷикистон дар ин бобат аз ҷониби онҳо муайян карда мешавад.

«Дар таҳқиқот ба масоили тамоили идоракунии корпоративӣ доштани корхонаву муассиса, сохтори моликият ва тарзи идораи ширкатҳо, ҳифзи ҳуқуқи саҳмиядорон ва шаффофии маълумоти молиявӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир мегардад», - зикр кард манбаъ.

Таҳқиқотро Маркази тадқиқоти иҷтимоии «Зеркало», ки мувофиқи тендер интихоб шуд, доир мекунад.