Хуҷанд. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар минтақаи шимоли Тоҷикистон корхонаи давлатии фаръии «Корхонаи ҳавопаймоии Суғд» барҳам дода шуд.

Аз фурудгоҳи байнулмилалии «Хуҷанд» хабар доданд, ки корхона мувофиқи нақшаи инфиродии таҷдиди сохтори Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии (КВДҲ) «Тоҷик Эйр» барҳам дода шуда, дар заминаи он корхонаи давлатии фаръии «Фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд»-и (ФБХ) КВДҲ «Тоҷик Эйр» таъсис ёфт.

«Дар заминаи корхонаи давлатии фаръии «Корхонаи ҳавопаймоии Хуҷанд» «ФБХ» ва Комплекси ҳавонавардиву техникӣ ташкил карда шуданд.

«То 1-уми август тамоми моликияти «Корхонаи ҳавопаймоии Хуҷанд» ба ворисон супорида шуда, воҳидҳои тоза комилан мустақил хоҳанд гашт», - изҳор дошт манбаъ.

Зикр гардид, ки бо вуҷуди ҷараён доштани таҷдиди сохтори корхона, ба коргарон саривақт маош пардохта шуда, тақрибан ҳамаи мутахассисон муассиса дар ҷойҳои кории худ боқӣ хоҳанд монд.