Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Аз 1-уми август дар макотиби олии ҷумҳурӣ имтиҳоноти қабули довталабон оғоз мегарданд . Сардори раёсати маълумоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маорифи Тоҷикистон Алидод Расулов ба ОИ « Азия - Плюс » хабар дод , ки ба макотиби олии кишвар то аввали ҳ амин ҳ афта 30 ҳ азору 694 довталаб ҳ уҷҷат супориданд .

            Ба қавли ӯ, ба Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон 3 ҳазору 470 нафар, ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Осимӣ ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон 2 ҳазор нафарӣ довталаб ҳуҷҷат супориданд, ки миёни макотиби олӣ ин нишондиҳандаҳои зиёдтарин мебошанд.

Қобили зикр аст, ки чанде қабл вазири маорифи Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов гуфта буд, ки с оли ҷорӣ шумораи донишҷӯён дар шӯъбаҳои ғоибонаи макотиби олии ҷумҳурӣ ба миқдори 30 дарсад кам карда мешавад.  

 «Ҳамин тавр, соли хониши оянда шумораи донишҷӯён аз 27 ҳазори соли гузашта то 22 ҳазору 193 нафар камтар мешавад», - гуфт А.Раҳмонов.

Ёдрас мекунем, ки дар Тоҷикистон 28 мактаби олӣ мавҷуд аст.