Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Пагоҳ вазири мудофиаи Русия Анатолий Сердюков ба Душанбе ташриф меорад.

Аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки зимни боздиди дурӯза А.Сердюков ният дорад бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои тоҷикистонии худ Шералӣ Хайруллоев мулоқот орояд.

Интизор меравад, ки дар мулоқот масоили омодасозии мутахассисони ҳарбии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии вазорати мудофиаи Русия ва ҳамчунин дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши низомиву фаннӣ мавриди муҳокима қарор хоҳанд гирифт.

Дар ҷараёни сафар вазири мудофиаи Русия аз пойгоҳи низомии кишвараш дар Тоҷикистон низ боздид мекунад.