Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Интизор меравад, ки дар таърихи 31-уми июл р оҳбари Фармондеҳии марказии   Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Мартин Демпси ба шаҳри Душанбе ташриф меорад.

Аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд, ки боздиди мансабдори низомии олирутбаи Амрико аз Тоҷикистон зиёд тӯл нахоҳад кашид.

Ҳадафи аслӣ аз боздид мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Шералӣ Хайруллоев аст, ки дар онҳо масоили ҳамкории Тоҷикистону Амрико ва дастгирии иқдомоти таъмини амну субот дар Афғонистон мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.