Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ба Эрон меравад. Дар назар аст, ки Ҳ.Зарифӣ бо мақомоти роҳбарии Эрон дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ ва низомиро баррасӣ хоҳад кард. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳамчунин бо мақомоти роҳбарии сатҳҳои гуногуни давлати Эрон муҳокимаи маҷмӯи васеъи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву илмӣ ва низомӣ ба нақша гирифта шудааст.

Зимни боздид Ҳамрохон Зарифӣ дар ҷаласаи навбатии сеҷонибаи кишварҳои форсизабон - Эрону Афғонистону Тоҷикистон низ ширкат хоҳад варзид. Дар ҷаласа масъалаи имконоти сохтмони роҳи оҳан миёни кишварҳо ва таъсиси шабакаи телевизионии муштарак ҳаллу фасл мегардад.

«Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба сифати меҳмон 29-30-уми июл дар кори Конфронси XV -уми Ҳаракати кишварҳои бетараф низ иштирок хоҳад намуд», - афзуданд аз вазорат.