Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти боз ду зани дигар бо гумони ташкил ва роҳандозии фоҳишахона хабар медиҳад. Дар як моҳи ахир ин панҷумин мавридест, ки торнамои ВКД аз боздошти ин гуна афрод хабар медиҳад. 

Аз ин ду зан ВКД якеро сокини ноҳияи Спитамен ва дигареро сокини пойтахт ном бурдааст. Аз ҷмула дар хабарнома гуфта мешавад, ки зани 31-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Накати ноҳияи Спитамен бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.

Номбурда, 11-уми январи соли 2021, бо мақсади ба даст овардани маблағи пулӣ ба ҷавонзани 25 ва марди 27-солаи сокинони ноҳияи Спитамен дар хонаи истиқоматиаш барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё намуда, аз онҳо 150 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

Ҳамчунин бино ба иттилои ин торнамо ин зан 12-уми январи соли 2021, ба ҷавонзани 25 ва марди 45-солаи сокинони ҳамин ноҳия ҳамин гуна шароитро фароҳам кардаву 200 сомонӣ гирифтааст.

Пулис барои ин зан бар асоси моддаи 239 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз кардаст.

Зани дувуме, ки пулис дар ин кор муттаҳам медонад сокини 44-солаи пойтахт  гуфта мешавад.
Ба иттилои ВКД ин зан 8-уми январи соли 2021, тахминан соати 15:30-дақиқа, ба марди 27 ва ҷавонзани 25-солаи сокинони шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Фархор барои алоқаи ҷинсӣ шароит фароҳам кардаву аз онҳо 200 сомонӣ гирифтааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.