Суҳбати навбатии мо бо ягона бонуе дар кишвар мебошад, ки бонки тиҷоратиро раҳбарӣ менамояд. Ин бонк пас аз муттаҳидшавии Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Арванд” ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “АкссесБонк Тоҷикистон” таъсис ёфтааст.

Бо Шоира Содиқова, роҳбари бонки “Арванд” атрофи то кадом андоза зан-роҳбар будан мушкил аст, ва чӣ бояд кард, то боварии мардум ба бонкҳо баргардад, суҳбат намудем. Шоира ҳамчунин оид ба оила, муносибати келину хушдоман ва кӣ дар оилаашон қарорҳои асосиро қабул менамояд изҳори назар кард.

Маводи мазкур бо кумаки мардуми Амрико, ки аз тариқи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад ва дар чаҳорчӯби лоиҳаи MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ мегардад, омода шудааст. Asia-Plus барои муҳтавои ин нашрия масъул буда, шарт нест, ки он мавқеи USAID ё Ҳукумати ИМА ё Internews-ро инъикос намояд.