Ҳукумати шаҳри Душанбе ба нафақагирони аз 75-сола болои пойтахт ба маблағи 100 сомонӣ ёрии якдафъаина мерасонад. 

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Раёсати  агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҶТ дар шаҳри Душанбе гуфтанд, ин кумаки якдафъаина ба нафақагирони дар боло зикршуда ҳамасола  як бор расонида мешавад.

Як масъули ин ниҳод гуфт, ки  ин маблағ ҳамасола дар тирамоҳ ба нафақагирон дода мешавад.

"Ин пул моҳҳои октябр ё ноябр ба онҳо дода мешавад. Яъне рӯйхати онҳоро ҳукумати ноҳия ба ҳукумати шаҳр пешниҳод мекунад ва баъдан маблағгузорӣ карда мешавад. Ва охири моҳи ноябр ин маблағро мегиранд. Дар ин бора ба онҳо ҳангоми гирифтани нафақа аз бонкҳои маҳалли зист ё ҳукумати ноҳия хабар расонида мешавад».

Ӯ ҳамзамон илова кард, ки нафақагирон метавонанд бо шиноснома ба бонкҳои ҷойи зист ҳозир гардида, маблағро бигиранд. «Ин пулро танҳо бо шиноснома мегиранд ва он ба кортҳои нафақагирии онҳо гузаронида намешавад».

Ба гуфтаи ин масъул дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт аллакай додани ин кӯмакпулӣ оғоз шудааст ва бархе аз нафақагирон онро гирифтаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.