Давоми як соли ахир ҳудуди 2400 омӯзгори мактаби миёна дар вилояти Суғд тарки пеша кардаанд, ки ин раванд дар ҳоли зиёдшавист. Раёсати маорифи вилояти Суғд дар ҷаласаҳо ин мавзуъро, ки имсол доғтар шудааст, матраҳ мекунад, вале ошкоро намегӯяд, ки аз ин шумора чанд нафар бо сабаби беморӣ, нафақа, рухсатии меҳнатӣ ё муҳоҷират тарки пеша кардаанд.

Аммо манобеъи “Азия-Плюс” мегӯянд, “аксари омӯзгорон ба муҳоҷирати корӣ рафтанд”.

“Рухсатии бемузд мегиранду рафта меоянд”

Осим Каримзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд дар суҳбат бо “Азия-Плюс” аз овардани шумори дақиқи омӯзгорони тарки пеша карда худдорӣ кард ва гуфт, ин масъаларо дар ҷаласае матраҳ  карда ба таҳлили вазъ шуруъ кардаанд. Вай тарки пеша кардани 2400 омӯзгорро тасдиқ ё инкор накард ва гуфт “ин шумора бо сабабҳои вафот, беморӣ, нафақа, ҳомиладорӣ аз кор рафтаҳоро фаро мегирад.” Аммо дар мавриди омӯзгорони ба муҳоҷирати корӣ рафта чизе нагуфт ва афзуд “вақте таҳлил ҷамъбаст шуд, баъд чизе мегӯем, ҳоло баррасии ин масъала барвақт аст.”

“Ба муҳоҷират мераванд, меоянд, боз рафта истодаанд, ин факти табиӣ аст. Дар як рӯз панҷ ҳавопаймо рафта меояд, баъзе ҳамроҳи оила, бо сабаби муолиҷа рафта омада истодаанд, ин гуна шароит ҳаст. Баъзеҳо рухсатии бемузд гирифта як ё ду моҳ рафта омада истодаанд. Раванди муҳоҷиршавӣ солҳои пеш низ буд. Мо ҳоло омори солҳои 2018, 2019, 2020-ро гирифта истодаем ва таҳлил давом дорад”.

Осим Каримзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд

“Норасоӣ нест, лекин сарборӣ зиёд шуд”

Як манбаъи мӯътамад, ки нахост аз ӯ ном барем аз Раёсати маорифи вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” гуфт, ки “имсол ҳудуди 2400 омӯзгори мактаб ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд. Рухсатии ҳомиладорӣ, нафақа низ баромаданд, аммо камтар аст”, мегӯяд ӯ. Ба гуфтаи манбаъ бештари омӯзгороне, ки тарки пеша кардаву рӯй ба муҳоҷирати Русия оварданд аз мактабҳои шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Конибодом, Деваштич ва Ашт мебошанд.

“Мо бо ҷалби 1200 нафар хатмкунандаи мактабҳои олӣ ё омӯзгорони дар нафақа буда ҷойи онҳоро пур кардем. Ҳоло норасогии кадр мавҷуд нест, лекин сарборӣ зиёд шуд. Корҳои фаҳмонидадиҳӣ ҷараён дорад, ки пеши роҳи ба муҳоҷират рафтани омӯзгоронро гирем, ки оммавӣ нараванд. Ҳар сол ин раванд, буд лекин имсол каме зиёд шуд”, -афзуд манбаъ.

Манбаъ аз он нигаронӣ кард, ки раванди тарки мактаб кардани мутахассисони ботаҷриба ба сифати таълим таъсир мерасонад. Зеро ба гуфтаи ӯ ба ҷойи омӯзгорони баландихтисос омӯзгорони ҷавонро ба кор ҷалб карда истодаанд, ки асосан буҷавӣ ё бо квотаи президентӣ мактабҳои олиро хатм кардаанд.

Тарки пеша кардани омӯзгорон ва ба муҳоҷират рафтани мутахассисон барои Тоҷикистон падидаи нав нест. Вале дар замони пандемияи коронавирус ва боз шудани марзҳо муҳоҷиршавии омӯзгорони мактаб бештар шудааст, ки коршиносон аз оқибатҳои ногувори он ҳушдор медиҳанд.

Гурӯҳе аз хонандагони вилояти Суғд дар як давраи омӯзишӣ

“Оё мешавад бо 400 сомонӣ маош зиндагӣ кард?”

Олимҷон Уркинов, як омӯзгори 26-сола аз ноҳияи Ашт баҳори имсол тарки пеша карда ба мисли садҳо нараф омӯзгорон рӯй ба муҳоҷират овард. Ӯ дар яке аз шаҳрҳои Русия бинокорӣ мекунад ва дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, пандемияи коронавирус назми зиндагӣ ва даромади хонаводаи ӯро ба ҳам зад ва маҷбур тарки пеша кард. Ӯ хатмакардаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аст ва то замони муҳоҷир шуданаш аз забони русӣ ба хонандагони деҳот дарс мегуфт. 

“Ман соҳиби оила ва се фарзанд ҳастам, онҳоро хӯрондаву пӯшондан лозим аст. Аз мактаб 400 сомонӣ моҳона мегирифтам, ки ҳатто дар деҳот ба шикамсеркунии оила басанда набуд. Нархи маҳсулот дар бозор гарон шуд, ба ҷузъ як халта орду равған дигар чизе намешавад харид. Оё мешавад бо ин маош зиндагӣ кард? Ду сол ба сабаби пандемия натавонистам ба Русия биёям, зиндагиям хело вазнин шуд. Маоши хуб ва соати дарсии зиёд мебуд, ба муҳоҷират намеомадам.”

Манобеъи мо низ аз Раёсати маорифи вилояти Суғд мегӯянд, аксари омӯзгорони ба муҳоҷирати корӣ рафта  мутахассисони ҷавону синни миёна ҳастанд, ки мехоҳанд шароити иқтисодияшонро беҳтар кунанд.

Дар мактабҳои миёнаи Суғд музди миёнаи маоши барои як басти сарборӣ (18 соат) барои омӯзгори соҳиби маълумоти олӣ 946 сомонӣ, бо категорияи якум 838 сомонӣ, категорияи дуюм 799 сомонӣ ва омӯзгоре, ки бо маълумоти олӣ ва бе ягон категория дарс медиҳад 721 сомонӣ аст.

“Бо чунин маош кор кардан намехоҳанд”

Раванди муҳоҷиршавии омӯзгорон имсол натанҳо мавзуъи доғи  вилояти Суғд шудааст, балки дар дигар вилоятҳои Тоҷикистон низ ин мавзуъро баҳс мекунанд. Қаблан манобеи “Азия-Плюс” аз Раёсати маорифи Хатлон гуфта буданд, ки ҳамасола бештар аз 1000 омӯзгори мактаб дар ин вилоят ба муҳоҷирати меҳнатии Русия рӯй меоранд. Аз ин ниҳод гуфта буданд аксари мутахассисони тарки пеша карда омӯзгорони ҷавоне мебошанд, ки дар гурӯҳҳои буҷҷавӣ таҳсил кардаву баъди се соли кор соҳиби диплом мешаванд.

Раёсати маорифи вилояти Суғд

“Баъди се соли корашон вақте дипломашонро мегиранд, тарки кор мекунанд. Ин кори онҳо ҷанбаъҳои иҷтимоӣ дорад. Яъне маоши омӯзгорони ҷавон камтар аст ва онҳо бо чунин маош кор кардан намехоҳанд”- гуфта буд, манбаъ аз Раёсати маорифи вилояти Хатлон.

Коршиносон рӯй овардани омӯзгорон ба муҳоҷирати кориро як раванди нигаронкунанда меноманд, ки сабабаш кам будани музди меҳнат дар Тоҷикистон ва паст шудани обрӯйи омӯзгор дар ҷомеъа мебошад, ки дар ниҳоят аксарият аз касби худ қаноатманд нестанд.  

Ба гуфтаи Мунира Иноятова, вазири пешини маорифи Тоҷикистон раванди ба муҳоҷират рӯй овардани омӯзгорон ва ё ба корҳои дигари сердаромад гузаштани онҳо дар мактабҳои миёна мушкили норасоии мутахассисро ба миён меорад, ки алакай эҳсос мешавад. Вай гуфт, “муҳоҷират, ки шуд дар мактаб дарс намегузаранд хонандагон дониш намеомӯзанд. Ҳамин тавр хонандаи бесифат мактабро хатм мекунад.”

“Бо бисёри омӯзгорон рӯ ба рӯ мешавем мегӯянд, маош кам аст нархҳо дар бозор боло мервад, барои ҳамин тарки кор мекунанд. Некуаҳволи омӯзгор ҳаддиақал ба коргари истеҳсолот наздик шавад, шояд ин раванд каме танзим шавад. Вале ҳоло касе дар ин самт кор накарда истодааст. Маошро 10-15 фоиз зиёд мекунанд, аммо нархҳо дар бозор якбора 20 фоиз 30-40 то 50 фоиз баланд шуда истодааст. Ба ҳавасмандкунии омӯзгорон ҷандон аҳамият намедиҳанд. Омӯзгор аҳолиро тарбия мекунад, вақте суст шуд ба сифати миллат хатари ниҳояд ҷиддӣ меорад”.

Норасоии омӯзгорон дар мактабҳои Тоҷикистон яке аз мушкилоти ҷиддии соҳаи маориф маҳсуб меёбад, ки бо вуҷуди зиёд будани хатмкунандагони  риштаҳои омӯзгории донишгоҳҳои кишвар, ба далели кам будани маош ва дигар омилҳои иҷтимоӣ, ин мушкил ҳамоно ҳалношуда боқӣ мондааст. 

Бино ба маълумоти омории Раёсати маорифи вилояти Суғд имсол 15 ҳазор хонандаи мактаб зиёд шуда аз шумори 564 ҳазор нафараи соли 2020-уми дар соли 2021 ба 579 ҳазор нафар расидааст. Ин ниҳод оғози соли ҷорӣ шумори омӯзгорони мактаб дар соли 2020-умро 40085 нафар гуфта буд, ки ин шумора дар моҳи октябри имсол ба 39523 нафар кам шудааст.

Ин дар ҳолест, ки соли равон чандин мактабҳои нав сохтаву ба истифода дода шуд, ки барои ҳазорон нафар хонандагон ва садҳо нафар омӯзгорон ҷойи кору таҳсил фароҳам шуд. Раёсати маориф аз ҷой надоштани камбуди мутахассисон дар мактаб мегӯяд. Вале коршиносон аз набуди имтиёзу ҳавасмандкунӣ ва маоши кам дар ин соҳа мегӯянд, ки раванди тарки пеша кардани омӯзгоронро бештар мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.