Муҳамадшоҳ Абудлозода, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба дарёфти ордени фахрии Шӯрои олимпии Осиё (ОСА) мушарраф шудааст. 

Бино ба иттилои КМО Тоҷикистон, дар 40-умин Маҷмааи кулли ОСА, ки 21 ноябр дар шаҳри Дубайи АМА баргузор шуд, МуҳаммадшомАбдуллозода дар баробари собиқ президенти Кумитаи миллии олимпии Лубнон генерал Суҳайл Хурӣ ва президенти Кумитаи олимпии Непал Хон Ҷеван Рам Шрестҳа бо ордени фахрии Шӯрои олимпии Осиё (ОСА) сарфароз гардид.

Гуфта мешавад, ки ин сегона аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи президенти OCA Раҷа Рандҳир Сингҳ ва вазири варзиши Аморати Муттаҳидаи Араб, доктор Аҳмад Абдулло Ҳумайд Абдулло Белҳул барои хизматҳои бебаҳояшон дар рушди варзиши қора қадрдонӣ шуданд.

Муҳаммадшо Абдуллозода аз соли 1993 дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба унвони тарҷумон (то соли 1998), сардори Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ (1998-2003), иҷрокунандаи вазифаи котиби генералӣ (2003-2005), директори генералӣ (2005-2009), сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ (2009-2013) ва директори генералӣ (то январи 2017) кор кардааст.

Дар Маҷмааи кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2017 бо пешниҳоди президенти Кумита, Эмомалӣ Раҳмон котиби генералии КМО Тоҷикистон интихоб шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.