Бонки миллии Тоҷикистон фарқи пулҳои қоғазии нашри соли 2021 ва сабаби ҷой додани акси “Кохи Навруз” дар пули арзишаш 100 сомониро шарҳ дод. Ин бонк дар посух ба дархости "Азия-Плюс" далели ин корро муаррифии Тоҷикистони кунунӣ ба ҷаҳон унвон кардааст.
Бонки миллӣ таъкид мекунад, он иншооту биноҳое, ки дар пулҳои коғазии арзишашон 10, 20, 50, 200 ва 500 сомонии нашри солҳои қаблӣ инъикос гардидаанд, то ҳол побарҷостанд ва аз ин рӯ ба тарҳи ин пулҳо тағйирот ворид карда нашудааст.
“Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади муаррифии Тоҷикистони муосир ба ҷаҳониён ва бинобар аз байн рафтани бинои куҳнаи “Қасри Президент” қарор қабул намуд, ки дар пули такмилшудаи нави 100 сомонӣ тасвири бинои “Қасри Президент”-ро ба тасвири Маҷмааи фарҳангӣ-фароғатии “Кохи Наврӯз” иваз намояд”, - гуфта мешавад дар ҷавоби расмии Бонки миллӣ ба “Азия-Плюс”.
Ин ниҳод мегӯяд, ҳамаи пулҳои дар соли 2021 нашршуда, бо усули рангрезии чорқабатаи махсус омода карда шудаанд.
“Коғази пул барои арзишҳои 10, 20, 50 ва 100 сомонӣ аз омехтаи нахи пахта (қабати дарунии пул) ва маҳлули махсуси полиэтиленӣ (қабати берунии пул) омода карда шудааст. Коғази пул барои арзишҳои 200 ва 500 сомонӣ 100 фоиз аз нахи пахта омода шудааст. Тарзи чопи пулҳо металлографӣ, офсетӣ ва барҷаста мебошад”, - омадааст дар мактуб.
Пулҳои соли барориши 2021 бо имзои раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Бонки миллӣ Ҳоким Холиқзода вориди муомилот шудаанд, - таъкид кардааст Бонки миллӣ.
Ёдовар мешавем, 18-уми ноябри соли равон Бонки миллии Тоҷикистон аз интишор ва ба муомилот баровардани пулҳои коғазии намунаи нави соли 2021 хабар дода буд. Бар асоси тағйироте, ки дар аксҳои пулҳои коғазии намунаи нав дида мешавад, танҳо дар номинали 100-сомонӣ ба ҷойи бинои пештараи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки миёни мардум бо номи "Қасри президент" маъруф буд, бинои "Кохи Наврӯз" ҷой дода шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста