Филмҳои ду коргардони тоҷик дар 12- умин Ҷашнвораи байналмилалии “САМО”, ки дар шаҳри Стогҳолми Шветсия баргузор шуд, дар бахши филмҳои байналмилалӣ миёни филмҳои кишварҳои форсзабон сазовори ҷоиза шудаанд.

Ин ҷашнвора аз 26 то 28 ноябри соли равон баргузор шуд.

Тавре сомонаи расмии фестивал менависад, дар байни чанд филми пешниҳодшуда, филми “Нолаи танбур”- и коргардон Аниса Собирӣ ва “Бачаи обӣ”-и коргардон Файзуллои Файз дар бахши филмҳои байналмилалӣ  сазовори ҷоиза шуданд.

Дар шарҳи гирифтани ҷоизаи филми “Нолаи танбур” ҳакамон гуфтаанд, “ин филм услуб ва равиши хоси худро дорад, он барои тасвири ҷанг ва таъсири он ба ҳаёти инсонҳо сазовори эътироф мебошад”.

Ҳакамони фестивал ба филми "Бачаи обӣ"-и Файзулло Файз барои дастоварди аввалинаш ҳамчун коргардон, ки иқтидори бузурги инсонпарвариро нишон медиҳад, тақдим кардаанд.

Ҷашнвораи 12- уми байналмилалии “САМО” як чорабинии озмунӣ буда, ғолибон ҳайкали фестивалро мегиранд. Ҳайати ҳакамон, ки аз синамогарон ва мунаққидони ватанӣ ва хориҷӣ иборат аст, филмҳоро дар ду бахши миллӣ ва байналмилалӣ арзёбӣ кардаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.