Зайнур Шарифӣ, сардори раёсати Хадамоти меҳнат ва муҳоҷират дар вилояти Суғд ва муовини ӯ Ҷамшедхон Сайфуллозода аз мақом барканор шуданд. Ин ду мақомдори вилоятӣ бар асоси як фармони Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон барканор шудаанд.

Ба ҷойи Шарифӣ, Камолзода Саид Олим, сардори ин раёсат таъин шудааст. Камолзода то расидан ба ин мақом сардори шуъбаи ин ниҳод дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд.

Саид Камолзода, ки ҳамакнун сардори нави ин раёсат аст, дар суҳбат ба “Азия-Плюс” ин хабаррро таъйид кард ва гуфт муаррифии ӯ дар ҷаласае субҳи имрӯзи 7-уми январ сурат гирифт.  

Зайнура Шарифии 57-сола аз соли 2011 ба ин тараф сардори инниҳод буд ва гуфта мешавад баъди барканорӣ дар раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳукумати вилояти Суғд ба кор таъйин шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.