Ба далели бад шудани вазъи саломатии як шаҳрванди Тоҷикистон ҳавопаймои ширкати русии S7 (Сибир), ки дар масири Маскав-Қаршӣ парвоз мекард, дар фурудгоҳи Урганҷи Ӯзбекистон нишасти изтирорӣ кардааст.
Дар ин бора расонаҳои ӯзбекӣ такя ба маълумоти Uzbekistan Airports, ки дар саҳифаи телеграми он нашр шудааст, хабар медиҳанд.
Манбаъ гуфтааст, шаҳрванди Тоҷикистон бо иллати бемории кӯрруда (аппендицит) шубҳа дошт ва ҳавопаймои ширкати русии S7 (Сибир), ки дар хатсайри Маскав-Қаршӣ парвоз мекард фавран дар фурудгоҳи Урганҷ соати 01:42 шаби 11-уми январ нишаст изтирорӣ анҷом додааст. Аз ин шаҳрванди Тоҷикистон як мард ном бурда мешавад, ки дар фазо ниёз ба ёрии таъҷилии тиббӣ пайдо кардааст. Аз ин рӯ бар пайи тасмими ҳайати сарнишинон ҳавопаймо дар наздиктарин фурудгоҳ нишати изтирорӣ анҷом додааст.
Пас аз фуруд омадан дар фурудгоҳ мусофирро мошини ёрии таъҷилӣ гирифта, барои кумак дар муассисаи тиббии шаҳри Урганч бистарӣ карданд.
Ҳавопаймои S7 Airlines соати 02:31 ба вақти маҳаллӣ ба самти Қаршӣ парвоз кардааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста