Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки 30 январи соли равон дар боғи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Сада таҷлил мешавад. Дар назар аст, ки дар ин рӯз, ҳамчунин намоиш ва фурӯши ниҳолҳою тухмии зироати кишоварзӣ низ баргузор шавад.
Гуфта мешавад, ба ҷуз ин, маҳсулоти кишоварзӣ низ ба маърази тамошо ва фурӯш гузошта шуда, чорабиниҳои фарҳангӣ низ баргузор мешаванд ва дар фарҷом тақдими ҷоизаҳо ба фаъолони соҳа пешбинӣ шудааст.
- Дар Ҷашни "Сада" намоши ниҳолҳою тухмии зироатҳои кишоварзӣ, афрӯхтани гулханҳо, намоиши техникаю мошинолоти кишоварзӣ, гӯшаи тавсиядиҳии олимону мутахассисон оид ба омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар назар аст, - иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Вазорати кишоварзӣ
Ҳамчунин дар як гӯша олимону мутахассисон оид ба омодагӣ ба киштукори баҳорӣ тавсияҳо медиҳанд.
Ёдрас мекунем, ки бо пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон парлумони ҷумҳурӣ охири моҳи октябри соли 2017 ба қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйироту илова қабул намуд, ки мутобиқи он ҳамасола санаи 30 январ дар ҷумҳурӣ ҷашни Сада таҷлил мегардад. Дар ҷашни Сада рӯзи истироҳат муқаррар нашудааст.
Сада ҷашни қадимию суннатии мардуми тоҷик ба шумор рафта, аз гузаштагонамон мерос мондааст. Ин ҷашн бо шумораи сад (сад фарзанди Қаюмарс ё панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз) алоқаманд мебошад. Ба ақидаи олимон, ин ҷашн ба он хотир Сада ном гирифтааст, ки аз 10 моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад.
Ҷашни Сада ҳанӯз аз асрҳои миёна роиҷ буда, ҳамчун нахустин муждаи Наврӯз зикр мегардад. Аз замонҳои қадим Сада 50 рӯз пеш аз фарорасии Наврӯз, 10-уми баҳманмоҳ (30 январ) ҷашн гирифта мешавад.
Анъана ва расму оинҳои мардуми ориёитабор таърихи беш аз 3-ҳазорсола доранд. Расму оинҳои қадима бештар дар ҷашнҳои то имрӯз боқимонда, аз қабили Шаби Ялдо, Сада, Наврӯз, Меҳргон ва ғайра таҷассум ёфтаанд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта ҳам, 31 январ дар боғи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба муносибати ҷашни Сада чорабиниҳо баргузор гардида буд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста