Канада нисбати 22 шаҳрванди Русия ва чаҳор ширкати русӣ таҳримҳои нав ҷорӣ кард. Дар рӯйхати нави таҳримҳо - қаҳрамони олимпӣ Алина Кабаева низ ҳаст, ки аз вай ба унвони одами наздики Владимир Путин ном мебаранд.

Дар таҳримҳои нав ҳамчунин ду духтари сарватманд Михаил Фридман, раиси "Новикамбанк" Елена Георгиева, мудири ширкати куҳиву металлургии Урал Андрей Козинсин ва дигар мақомдорони Русия ҳастанд.

Рӯзи 20 май Канада ҳамчунин нисбати 14 шаҳрванди Русия таҳрим ҷорӣ карда буд. Дар рӯйхати пешин низ "сарватмандони Русия, аъзои хонаводаи онҳо ва афроди наздик ба Путин" буданд.

Пештар нисбати Алина Кабаева Бритониё таҳрим ҷорӣ карда буд. Кабаеваро маъшуқа ё ҳамсари Владимир Путин, президенти Русия меноманд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.