Мақомоти додситонии Суғд даҳҳо ҳазор гекатр заминҳои обиро ошкор кардаанд, ки ба замини лалмӣ табдил ёфта, қисме аз заминҳоро хавфи аз гардиши кишоварзӣ берун мондан таҳдид мекунад. Додситонӣ мегӯяд, ин заминҳо бинобар норасоии оби полезӣ ва корношоямии шабакаҳои обёрӣ дучори ин вазъ шудаанд.

Дар пайванд ба ин, чанд нафар ба ҷавобгарии интизомиву маъмурӣ ва ҷиноӣ кашида шудаанд.

Ба иттилои додситонии вилояти Суғд дар як маҷлиси васеи ҳайати мушовара, ки онро Фурқат Хоҷазода, додситони вилоят роҳбарӣ мекард, мавзуйи иҷрои қонунгузории заминро баррасӣ кардаанд. Ин мавзуй бо ҳузури раисони шаҳру ноҳияҳо, кормандони идораҳои замин, бақайдгирии молу мулки ғайриманқул, сохторҳои меъморию шаҳрсозӣ ва дигар мақомоти масъули давлатӣ ба баррасӣ кашида шудааст.

Аз додситонии Суғд ба “Азия-Плюс” гуфтанд, зимни санҷиш муайян кардаанд, ки 3 ҳазор гектар  заминҳои обӣ ҳамчун замини лалмӣ мавриди истифода қарор дошта, ба зиёда аз 2 ҳазор гектар заминҳо хавфи аз гардиши кишоварзӣ берун мондан таҳдид мекунад.

Манбаъ мегӯяд, ин заминҳо бинобар норасоии оби полезӣ, корношоямии шабакаҳои обкашӣ ва обрасонӣ ба чунин ҳол дучор шудаанд.

Инчунин 150 ҳазор гектар заминҳои чарогоҳ муайян шудааст, дар ҳолати таназзул ва фарсоиш шудан қарор доранд.

“Зимни санҷиши асоснокии ҳисоботи оморӣ ва воқеияти маълумотҳо вобаста ба кишти зироати кишоварзӣ ҳолатҳои пешниҳоди ҳисоботи таҳрифшуда оид ба кишти картошка, шолӣ ва пахта ошкор карда шуда, нисбати шахсони гунагоҳгор муҷозотҳои маъмурӣ ва интизомӣ татбиқ карда шудаанд”,-омадааст дар хабарномаи додситонӣ.


Мақомот мегӯяд, дар фаъолияти КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳру ноҳияҳои Суғд камбудиҳои ҷиддӣ ошкор карда шуд. Ин корхона корҳои барасмиятдарорӣ ва бақайдгирии ҳуҷҷатҳои заминсозӣ ва ҳуқуқи истифодаи заминро анҷом медиҳанд ва бино ба таъкиди додситонӣ “кор дар ин мақомот беҳбудиро талаб менамояд”.

Додситонӣ гуфтааст, дар фаъолияти саҳмдорон ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ тақсимоти ғайриқонунӣ ва хариду фурўши заминҳои дар истифода қарордошта ошкор шуда раисони ҷамоату шаҳраку деҳот ва нозирони минтақавии мақомоти милитсия бо додситонҳо ҳамкории мутақобиларо ба роҳ намондаанд.

Додситонии вилояти Суғд дар самти қонунгузории замин ва қонунвайронкуниҳои ошкоргардида алайҳи 291 кас парвандаҳои ҷиноятӣ боз карда 571 нафарро ба ҷавобгарии интизомӣ ва 2389 каси дигарро ба ҷавобгарии  маъмурӣ кашидааст. Инчунин ба 402 қарорҳои ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо эътироз оварда шуда дар натиҷаи он 9656 гектар қитъаҳои замини худсарона ишғол ва ғайриқонунӣ вобасташуда ба ҳолати аввала баргардонида шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.