Раймундас Кароблис, муовини вазири корҳои хориҷии Литваро рӯзи 8-уми июн сафири нави Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон таъйин карданд.
Аз соли 2018 дар ин мақом дипломати шведӣ, Мэрилин Йозефсон, кор мекард. Ӯ раиси намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Қирғизистон таъин шуд.
Кароблис 54-сола аст ва бахши ҳуқуқи Донишгоҳи Вилнюсро хатм кардааст. Дар гузашта вазири дифои Литва буд.
Иттиҳоди Аврупо яке аз шарикони муҳими Тоҷикистон ба шумор меравад ва дар солҳои 2014-2020, дар умум, 227 миллион евро ёрӣ кардааст, аммо аз маҳдудияти дастрасӣ ба интернету озодии баён ва нақзи ҳуқуқи одамон дар кишвар норозист.
Ин дар ҳолест, ки мухолифин ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон солҳои охир Иттиҳоди Аврупоро ба “чашмпӯшӣ” ба поймолшавии ҳуқуқи одамону озодиҳои бунёдӣ дар Тоҷикистону кишварҳои дигари минтақа танқид мекунанд.
Моҳи ноябри соли 2021 чанд созмони ҳомии ҳуқуқ аз намояндагони Иттиҳоди Аврупо хоста буданд, ки ҳангоми сафар ба Тоҷикистон барои поён додан ба нақзи ҳуқуқи одамон фишор биоранд. Дар суҳбатҳо дар ин бора чизе шунида нашуд. Он замон баъзе коршиносон тахмин зада буданд, ки эҳтимол Иттиҳоди Аврупо барои буҳрони Афғонистон ба масъалаи ҳуқуқи башар "чашм пӯшид".
Тағйироти кадрӣ дар КДАМ ва судҳо
Ҳушдори КҲФ: Хатари сел то 21 август боқӣ мемонад
Нусхаи дастнависи Қуръони дар Намангон дуздидашуда дарёфт шуд
Шавкат Мирзиёев ҳоҷӣ шуд
Боздошти як тоҷикистонӣ бо зиёда аз 1,6 млн рубл дар фурудгоҳи Сургут
Дар Тоҷикистон 420 ҳазор тонна ҳосили пиёз ҷамъоварӣ шуд. Акнун нархҳо поин мераванд?
Нигаронии котибони Шӯрои амнияти Тоҷикистону Русия аз фаъолшавии гурӯҳҳо дар Афғонистон
Аз 10 медали тиллои Чемпионати бадминтони Осиёи Марказӣ дар Душанбе 8-тоаш насиби Эрон шуд
Се медали тиллои размикорони тоҷик дар рӯзи дуюми чемпионати ҷаҳон оид ба ММА
Ҳалокати 6 нафар бар асари таркиш дар Сирдарё
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста